Суҳбати телефонии Сарвазири Тоҷикистон бо Сарвазири Ӯзбекистон

23.03.2020 12:00

22 марти 2020 суҳбати телефонии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов бо ташаббуси он ҷониб сурат гирифт.

Ҷонибҳо рушди муносибатҳои дуҷонибаро, ки дар доираи сиёсати дурбинонаи сарони ду давлат ба роҳ монда шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳангоми суҳбат қайд гардид, ки ба мақсади пешгирии интишори коронавируси нав (COVID-19) ва таъмини амният ва солимии ҷомеа рафтуомади шаҳрвандон, ҳаракати нақлиёти мусофирбар ва нақлиёти шахсӣ, ба истиснои автомобилҳои боркаш, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан қатъ мешавад.

 

Нигористон

Тақвим