Иштироки муовини Вазири корҳои хориҷӣ дар маросими имзои Барномаҳои кӯмаки грантии Япония

12.11.2014 17:32

12 ноябри соли 2014 дар Сафорати Япония дар Душанбе маросими имзои Барномаҳои кӯмаки грантии Япония бо иштироки муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Япония Кентаро Соноура баргузор гардид.

Тибқи барномаҳои баимзорасида ба 10 шаҳру ноҳияҳои кишвар, маблағи тақрибан 1 миллион доллари ШМА барои сохтмони мактабҳо, таҷҳизонидани беморхонаҳо ва беҳсозии зерсохторҳои деҳаҳо пешниҳод карда мешавад.

Зимни маросим Низомиддин Зоҳидӣ суханронӣ намуда, ба Ҳукумати Япония барои татбиқи лоиҳаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос намуд.

Нигористон

Тақвим