Мулоқоти Сафир бо Муовини вазири корҳои хориҷии Кувайт

19.03.2020 09:49

16 марти 2020 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини Вазири корҳои хориҷии он кишвар дар масаъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Саид мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳо дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, атрофи пешгирии шуюи коронавирус (COVID-19) табодули афкор сурат гирифт.

1-19-03-2020-0947.jpeg

Нигористон

Тақвим