Муроҷиат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудияти вуруд ба Русия

17.03.2020 11:23

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ба иллати ҳамагирии коронавируси нав (COVID-19) Ҳукумати Русия қарор қабул кардааст, ки ибтидоан аз 18 марти 2020 маҳдудияти вуруд ба хоки кишварро ҷорӣ намояд.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони кишвар аз сафар ба Русия дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.

Бояд таъкид кард, ки маҳдудияти мазкур нисбати ронандагони автомобилҳои боркаш, сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо, шахсоне, ки бо роҳи транзитӣ аз гузаргоҳҳои фурудгоҳҳо мегузаранд ва ба Русия ба муносибати вафоти хеши наздик меоянд, татбиқ намегардад.

Хотиррасон мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия қарор доранд, дар ҳолати зарурат метавонанд ба намояндагии дипломатӣ ва муассисаҳои консулии мо муроҷиат кунанд:

Сафорати Тоҷикистон дар Москва:

тел:+7 (495) 690-41-86

tajembmoscow@mfa.tj

Консулгарии генералӣ дар Санкт-Петербург:

тел: +7(812) 490-47-46

tajgencons.piter@mfa.tj

Консулгарии генералӣ дар Уфа:

тел: +7 (347) 276-52-96

tajconsufa@mfa.tj

Консулгарии генералӣ дар Екатеринбург:

тел: (+343) 370-23-60

tajconsek@mfa.tj

Консулгарии генералӣ дар Новосибирск:

тел: +7 3833495970

tajgencons.nsk@mfa.tj

Нигористон

Тақвим