11 ноябри соли 2014 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов бо Вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика табодули назар намуданд.
