Бузургдошти 20-умин солгарди Конститутсияи Тоҷикистон дар Миср

11.11.2014 17:27

10 ноябри соли 2014 дар меҳмонхонаи номдори Гранд Найл Товер (Grand Nile Tower) воқеъ дар шаҳри Қоҳира ба муносибати бузургдошти 20-умин солгарди қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ барпо гардид, ки дар он мақомоти роҳбарии Вазорати корҳои хориҷӣ, вазорату идораҳои дигари Ҷумҳурии Арабии Миср, корпуси дипломатии муқими Қоҳира, намояндагони воситаҳои ахбор,  доираҳои бозаргонии кишвар, шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик ва дигарон ҳузур доштанд.

Дар суханронии худ Сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ ба аҳамияти сарнавиштсози Қонуни асосии кишвар дар ташаккул ёфтани давлатдории навини тоҷикон ва такомули он ба сӯи пешрафту шукуфоӣ таъкид намуд.

Бузургдошти 20-умин солгарди Конститутсияи Тоҷикистон дар Миср

Нигористон

Тақвим