11 ноябри соли 2014 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Рашидиён ва ҳайати ҳамроҳи ӯ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, саноатӣ ва илмию фарҳангии вилояти Хуросони Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо баргузории Намоишгоҳи байналхалқии саноатии Ҷумҳурии Исломии Эронро дар Душанбе аз 12 то 15 ноябри соли ҷорӣ ҳамчун омили муҳимми таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунҷабҳаи кишварҳои Тоҷикистону Эрон арзёбӣ намуданд.
Алиризо Рашидиён алоқамандии зиёди бахши хусусӣ ва марказҳои илмию саноатии вилояти Хуросонро дар ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои истихроҷи маъданҳо, сохтмон, интиқоли борҳо, таҳвили фанновариҳои навин ва дар дигар бахшҳои мутақобилан судманд таъкид кард.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин дар атрофи дигар масоили ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар сурат гирифт.