6 ноябри соли 2014 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Абу-Забӣ чорабинӣ бахшида ба 20-умин солгарди қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Зимни суханони табрикӣ Кордори Сафорат Юсуф Бобокалонов таъкид кард, ки мардуми Тоҷикистон соли 1994 Сарқонунро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуда, тавонист заминаи ҳуқуқии як кишвари соҳибтамаддун, мустақил, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро фароҳам оварад.
Ӯ иброз намуд, ки дар роҳи ноил гардидан ба чунин неъмати бузург Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарафманди тоҷик талошҳои зиёд кардаанд.
Дар чорабинии мазкур меҳмонони олиқадр, донишҷӯён, ва тоҷикони муқими Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуданд.