Ҳодисаи рабуда шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофиева Гулрухсор дар Ҷумҳурии Яман мавриди таваҷҷӯҳи пайваста қарор дорад ва Вазорати корҳои хориҷӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда барои ҳарчи зудтар озод шудани ӯ истифода мекунад.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо мақомоти Яман ва намояндагони ширкати “Здравэкспорт”- и Россия, ки Рофиева Гулрухсор дар асоси қарордод бо ин ширкат ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар беморхонаи маҳаллии минтақаи Маъриб кор мекунад, ҳамеша дар тамос аст.
Бо супориши Вазорат Сафири Тоҷикистон дар Қатар низ барои ҳалли қазияи мазкур вобаста шудааст.
Инчунин Вазорати корҳои хориҷӣ тариқи Сафорати Россия дар Тоҷикистон аз Сафорати Россия дар Яман барои ҳарчи зудтар озод намудан ва сиҳату саломат ба Ватан баргаштани Рофиева Гулрухсор дархости мусоидат кардааст.