3-4 марти 2020 дар шаҳри Киев ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид, ки онро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода ва Муовини вазири рушди иқтисод, тиҷорат ва кишоварзии Украина Тарас Качка роҳбарӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, сайёҳӣ ва масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.
Дар поёни нишаст Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи мазкур ба имзо расид.