Мулоқот бо Котиби Шӯрои олии амнияти миллии Эрон

04.03.2020 05:26

3 марти 2020 дар Теҳрон мулоқоти Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Котиби Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Шамхонӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба  иҷрои Ёддошти тафоҳум оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи амниятро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати андешидани тадбирҳои муассирро ҷиҳати амалӣ кардани бандҳои ин санад таъкид карданд.

aks-SHamkhoni-04-03-2020-1024.jpg

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим