Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Дуюмин конфронси СММ барои кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ

07.11.2014 11:55

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Дуюмин конфронси СММ барои кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ3-5 ноябри соли 2014 дар ш. Вена Ҷумҳурии Австрия Дуюмин конфронси СММ барои кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ баргузор гардид, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ҳамоиши мазкур Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА ва созмонҳои дигари байналхалқӣ дар Вена Исматулло Насрединов муаррифӣ намуданд.

Конфронси мазкур бо мақсади татбиқ ва ҷамъбасти натиҷаҳои Нақшаи амали Алмато, ки соли 2003 қабул гарид, маҳсуб ёфта, зимни он қабули Барномаи амали Вена миёни ҳайатҳо баррасӣ карда шуд. Ҳадафи асосии қабули ҳуҷҷати зикргардида, қабл аз ҳама расонидани кӯмаки бештар ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ, рушди инфрасохтор, афзоиши гардиши савдо, боркашонӣ бо нақлиёти автомобилии байналмилалӣ ва дигар самтҳо мебошад.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ҳусни оғоз бахшида, сипас Вазири федералӣ оид ба Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷии Австрия Себастиан Куртс ба ҳайси раиси Конфронс интихоб гардид.

Дар рафти Конфронс ҳамчунин Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Ҳайнс Фишер, Раиси Маҷмааи Умумии СММ Сэм Кутеса, Раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Мартин Сайдик, Муовини Дабири кулли СММ оид ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ Гян Чандра Ачария, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд Невен Мимитса, Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии гумрук Кунио Микурия ва Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии савдо Роберту Карвалю ди Азеведу суханронӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 1500 нафар иштирокчиён, роҳбарону намояндагони воломақом аз 120 давлат, аз ҷумла кишварҳои донор, созмонҳои бонуфузи байналмилалаву минтақавӣ ва дигар меҳмонони баландпоя ширкат доштанд.

Дар баробари доиршавии Конфронс Форуми соҳибкорон баргузор гардид.

4 ноябр намояндаи ҳайати Тоҷикистон бо гузориши муфассал баромад кард.

Худи ҳамин рӯз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Япония таҳти роҳбарии Муовини парламентии вазири корҳои хориҷӣ, аъзои Палатаи намояндагони Парламент ҷ-би Кэнтаро Соноура мулоқот намуд.
Дар интиҳои Конфронс Барномаи амал барои кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ барои даҳсолаи 2014-2024 ва Эъломия Вена қабул карда шуданд.

Нигористон

Тақвим