29 феврали 2020 дар Давҳа дидори Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Фиристодаи вежаи Вазири корҳои хориҷии Қатар оид ба мубориза бо терроризм Мутлақ ибни Моҷид ал-Қаҳтонӣ баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти мубориза алайҳи чолишҳо ва таҳдидҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуданд.