5 ноябри соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Комиссари Олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ хонум Астрид Торсро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти суҳбат роҷеъ ба масоили ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори мазкури САҲА табодули назар сурат гирифт.

