27 феврали соли 2020 Муовини вазири корҳои хориҷӣ Зоҳир Саидзода ҳайати нозирони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай таҳти роҳбарии муовини Дабири кулл Нурлан Аккошкаровро, ки бо мақсади анҷом додани мониторинг ва мушоҳидаи раванди интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвар омадааст, ба ҳузур пазируфт.
З.Саидзода омодагии Вазоратро барои фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти нозирони байналмилалӣ таъкид кард.
Мубодилаи афкор оид ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳо дар доираи СҲШ сурат гирифт.