24-25 феврали 2020 дар Деҳлии Нав Иҷлоси 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон роҷеъ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби мо Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода ва аз ҷониби ҳиндӣ Муовини вазири тиҷорат ва саноати он кишвар Ануп Вадҳаван раёсат намуданд.
Дар иҷлос ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, молия, сармоягузорӣ, бахши хусусӣ, саноат ва фанновариҳои нав, нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва масоили дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд.
Дар поёни нишаст Протоколи иҷлоси 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон роҷеъ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ба имзо расид.