25 феврали 2020 дар Душанбе Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Ли Ву-Чолро ба муносибати ба итмом расидани маъмурияти дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуд.