Супоридани эътимоднома ба Шоҳи Норвегия

17.02.2020 17:27

13 феврали 2020 дар Осло Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Норвегия (бо қароргоҳ дар Вена)  Идибек Қаландар эътимодномаи худро ба Шоҳи Норвегия Ҳаралди V супорид.

Дар суҳбате, ки пас аз анҷоми маросими супоридани эътимоднома сурат гирифт, Сафири Тоҷикистон ба Шоҳи Норвегия паёми шодбоши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд бо Норвегия изҳор дошт.

Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба самтҳои муҳимми ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Норвегия дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

cred-king-norway-2-17-02-2020-1726.jpg

Нигористон

Тақвим