Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Озарбойҷон

12.02.2020 15:44

11 феврали 2020 дар Боку мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Солӣ бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Абулфас Гараев сурат гирифт.

Дар мулоқот густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла ташкили сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии муштарак бо иштироки ҳунармандони ду кишвар ва имконияти таҳияи мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои ҳунар ва фарҳанг дар муассисаҳои таълимии Озарбойҷон баррасӣ шуданд.

DSC-2632-12-02-2020-1542.jpg

Нигористон

Тақвим