Вохӯрии Вазирони корхои хоричии Точикистон ва Бруней

11.02.2020 11:19

10 феврали 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмӣ ба Салтанати Бруней-Доруссалом бо Вазири корҳои хориҷии Бруней-Доруссалом Эриван Юсуф мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Бруней мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.​ Қайд гардид, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳо заминаи ҳуқуқии он бояд таҳким ёбад.

Ҷонибҳо соҳаҳои иқтисодиёт,​ маориф фарҳанг ва сайёҳиро аз самтҳои муҳим ва авлавиятнок арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки дар доираи муносибатҳои бисёрҷониба низ равобитро бо дарназардошти манфиатҳои муштарак густариш хоҳанд дод.

IMG-20200210-WA0015-11-02-2020-1125.jpg

 

Нигористон

Тақвим