6 феврали 2020 дар Боку Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Халаф Халафов мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои ду кишвар ёдовар шуда, дар мавриди густариши минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун изҳори омодагӣ намуданд. Ҳамзамон роҷеъ ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.