4 феврали 2020 дар Киев аввалин ройзаниҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардид.
Ҳайатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Украинаро дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ намуда, атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зимни ройзаниҳо омодагии ҷонибҳо ҷиҳати такон додан ва густариши бештари ҳамкории Тоҷикистону Украина таъкид гардид.