3 феврали 2020 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт дар умури рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ Носир Сабиҳ ас-Сабиҳ баргузор гардид.
Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати густариши ҳамкориҳоро таъкид намуданд.