3 феврали 2020 дар шаҳри Тошканд мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии ИМА дар қолаби С5+1 баргузор гардид. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-энергетикӣ, таҳкими амнияти сарҳадӣ ва минтақавӣ ва мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ баррасӣ гардиданд.