28 январи 2020 дар шаҳри Берлин Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Осиёи Марказии Сабз” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Олмон, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, инчунин намояндагони дигари кишварҳои Аврупо ширкат варзиданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ намуд.
Дар суханронии хеш Вазири корҳои хориҷӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими ҳамкориҳо дар ростои тағйиёрбии иқлим ва таъсири он ба олами ҳайвоноту наботот даъват намуда, аз ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки барои кишварҳои ниёзманд ва осебдида дар ин самт мусоидат хоҳад кард, ёдрас шуд.
Вазири корҳои хориҷии кишвар инчунин ҳифзи захираҳои обии минтақа ва истифодаи сарфаракоронаи онҳоро муҳим хонда, диққати ширкаткунандагонро ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои обӣ, ки барои пешбурд ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат менамоянд, ҷалб намуд.
Дар фарҷоми нишаст вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунанда Эъломияи муштаракро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва амният ба имзо расониданд.