Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири гардишгарии Миср

29.10.2014 11:53

28 октябри соли 2014 дар Қоҳира мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозирӣ бо Вазири гардишгарии Ҷумҳурии Арабии Миср Ҳишом Заъзуъ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Миср дар соҳаи гардишгарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина, мусоҳибон мубодилаи мунтазами боздидҳои ҳайатҳои расмии мақомоти гардишгарии ду кишварро амри зарурӣ донистанд.  Вазири гардишгарии Миср изҳори назар кард, ки Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба имкониятҳои фарохе, ки дорад, метавонад, кишвари ҷолибу гиро барои гардишгарон аз нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон бошад.

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири гардишгарии Миср

Нигористон

Тақвим