27 январи 2020 дар шаҳри Берлин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири федеролии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Германия Ҳайко Маас баргузор гардид.
Дар вохурӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва маориф миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германияро баррасӣ карда, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла амният ва муҳити зист мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми гуфтугӯ ҷонибҳо Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба фаъолияти меҳнатии аъзои оилаи кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулиро ба имзо расониданд.