Мулоқоти Сафир бо Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Беларус

23.01.2020 14:42

22 январи 2020 дар Минск вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус  М. Ҳақдод бо Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус А. Евдоченко баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо доираи васеъи масоили вобаста ба таҳкими равобити дуҷониба, аз ҷумла дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, саноату кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу гуманитарӣ ва ҳамкориҳои байни минтақаҳои ҳарду кишварро муҳокима намуданд.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф дар соли 2019, ки аз мувофиқаҳои қаблӣ дар сатҳи роҳбарони ду кишвар бармеояд, изҳори қаноатмандӣ намуда, дар бораи нақшаҳои соли 2020, аз ҷумла масъалаи доир намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ва баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус изҳори назар намуданд. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо рағбати хешро барои боз ҳам тақвият додани муносибот таъкид намуданд.

IMG-fb3b7164cbced16a57c87c5a77afd4bd-V-23-01-2020-1440.jpg

Нигористон

Тақвим