Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ

17.01.2020 18:05

17 январи 2020 дар Душанбе ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Раиси Ҳайати мушовара, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Муҳриддин, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, аъзои Ҳайати мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорат иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи Ҳайати мушовара се мавзӯъ: фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар соли 2019, Нақшаи фаъолияти Вазорат барои соли 2020 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ шуданд. Аз рӯи ҳар се мавзӯи ҷаласа маърӯзаҳо ироа гардиданд.

PS7A0904-17-01-2020-1810.jpg

 

Нигористон

Тақвим