13 январи 2020 дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин Фиристодаи вежаи Ҳукумати Ҳиндустон Б.С. Дханоаро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон табодули назар карданд.
Фиристодаи вежаи Ҳукумати Ҳиндустон паёми хаттии Сарвазири кишварашро ба унвони Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорид.