9 январи 2020 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо Сарвазири музофоти федеролии Шлезвиг-Ҳолштайн, ҳамзамон ноиби Президенти Шӯрои федеролии Олмон Даниел Гюнтер дидору гуфтугӯ кард.
Дар мулоқот Сафир рушди муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Олмонро баланд арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ҷониби Тоҷикистон хостори рушди муносибатҳои мустақим байни музофотҳои ҳарду кишвар мебошад. Бо дарназардошти таҷрибаи арзишманди музофоти Шлезвиг-Ҳолштайн дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ Сафир ташкили форумҳои иқтисодӣ миёни соҳибкорони ҳар ду кишварро саривақтӣ арзёбӣ карда, мавҷудияти минтақаҳои озоди иқтисодиро дар Тоҷикистон заминаи мусоид барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд барои соҳибкорону сармоягузорон арзёбӣ намуд.
Ҷаноби Даниел Гюнтер алоқамандиашро барои фароҳам овардани имкониятҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар ҳама соҳаҳои мавриди эҳтимом изҳор кард.