Иштироки Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ

13.01.2020 14:30

10 январи 2020 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ дар мавзӯи “Посдории Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати нигоҳ доштани сулҳ ва амнияти байналмилалӣ” суханронӣ намуд.

М. Маҳмадаминов бо баёни мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳдиду чолишҳои замони муосир, аз ҳама ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати ҳаллу фасли мусолиҳатомези низоъҳои тӯлонӣ ва мавҷуда дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, ба вежа дар Ховари Миёна даъват ба амал овард.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо ишора ба зарурати амалҳои ҳамоҳангшуда ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавии кишварҳои узви СММ ба ҷойгоҳи хоси меъёр ва принсипҳои Оинномаи СММ дар муносибатҳои байналмилалӣ таъкид кард.

22222-13-01-2020-1427.jpg

Нигористон

Тақвим