9 январи 2020 дар Путраҷая мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ бо Вазири корҳои иқтисодии Малайзия Дато Сри Муҳаммад Азмин Алӣ сурат гирифт.
Дар мулоқот тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни ду кишвар ва роҳҳои татбиқи он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳар ду ҷониб таъкид намуданд, ки иқтидори саноативу зироатии Тоҷикистону Малайзия имкони афзоиши ҳаҷми табодули тиҷоратӣ ва таҳкими равобити иқтисодиро фароҳам меоварад ва ҳар ду ҷонибро мебояд дар татбиқи он иқдом намоянд.