Нашри лифофаҳои ҷашнӣ ба муносибати 28-солагии равобити дипломатии Тоҷикистону Чин

10.01.2020 18:40

9 январи 2020 дар Осорхонаи Jin Tai Art-и шаҳри Пекин бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Чин ва Бунёди сулҳ ва рушди Чин маросими рӯнамоии лифофаҳои ҷашнӣ, ки ба муносибати 28-солагии равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нашр шудаанд, доир гардид.

Лифофаҳои ҷашниро Бунёди сулҳ ва рушди Чин ба муносибати рӯйдоди мазкур ба теъдоди 50000 дона нашр намуда, муаллифони мусаввараи рӯйи лифофаҳо “Рақс дар домони Помир” рассоми тоҷик Ғафур Ҷӯраев ва ҳамтои чинии ӯ Чэн Ҷян мебошанд. Дар он мусаварра гурӯҳи духтарони тоҷик дар тан либоси миллии чакан дар домони кӯҳҳои сарбафалаки Помир рӯйи чаман рақсу шодӣ доранд. Дар канори онҳо қуллаҳои барфпӯши кӯҳистон ва осмони нилгун ба назар мерасад.

Асари офаридаи мусаввирони тоҷику чинӣ бозгӯи он аст, ки халқҳои Тоҷикистону Чин бо ҳам дӯстони қарин буда, дар имтидоди Роҳи бузурги абрешим ҳамзистии осоишта доранд.

Дар кунҷи дигари лифофаҳои ҷашнӣ тасвири “Пули тиллоии Роҳи абрешим” омадааст, ки ба қалами рассоми чинӣ Шу Юн тааллуқ дорад. Ба назари ӯ, ҳадаф аз тарҳ ва нашри лифофаҳои ҷашнӣ бунёди “пули фарҳангӣ”, ки Чинро бо дигар кишварҳои чаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон хоҳад пайваст, мебошад.

5-10-01-2020-1839.jpg

Нигористон

Тақвим