Якумин ҷаласаи Коммисияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

08.01.2020 08:36

7 январи соли 2020 дар шаҳри Тошканд якумин ҷаласаи Коммисияи муштараки демаркатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҷонибҳо ба сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба, ки бар шарокати стратегӣ пойдор аст, таъкид намуданд.

Дар ҷаласа санадҳои ҳуқуқӣ-нормативӣ ва техникӣ, ки ҳамчун замина барои анҷом додани демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон хидмат мекунанд, тасдиқ гардиданд. Дар ҷаласа инчунин Нақша-ҷадвали вохӯриҳои ҷонибҳо барои соли 2020 ҳамоҳанг шуд.

Гуфтушунидҳо дар фазои созанда ва дустӣ баргузор шуданд.

Аз натиҷаи ҳамоиши мазкур Протоколи дахлдор ба имзо расид.

 

Нигористон

Тақвим