Нишасти матбуотии Сафири Тоҷикистон дар Чин

07.01.2020 18:00

7 январи 2020 дар Пекин ба муносибати ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои кишвар  ва натиҷагирии муносибатҳои дуҷонибаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин дар соли 2019 бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи Чин нишасти матбуотии Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода баргузор гардид.

Дар суханронии худ Сафири Тоҷикистон қайд намуд, ки дар баробари дастоварҳои муҳим дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ ва дар соҳаи амният, ҳар ду кишвар ба натиҷаҳои намоён дар ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ ноил шуданд.

Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ Парвиз Давлатзода ба саволҳои хабарнигорон оид ба самтҳои гуногун посух дод.

Glavnaya-07-01-2020-1759.jpg

Нигористон

Тақвим