6 январи 2020 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини вазири иттилоот дар масъалаҳои сайёҳӣ Юсуф Мустафо Абдуллоҳ баргузор гардид.
Дар мулоқот қайд гардид, ки Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад.
Инчунин дар рафти мулоқот ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи иттилоот, таблиғи имкониятҳо ва зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба мақсади ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон аз минтақаи Халиҷи Форс мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.