Баррасии ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон

30.12.2019 11:17

28 декабри 2019 дар Ашқобод мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо  Вазири тиҷорат ва равобити иқтисодии хориҷии Туркманистон Оразмират Гурбанназаров баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро мусбат арзёбӣ намуда, тавсеаи муносибатҳои тиҷоратӣ, густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фанноварӣ, нассоҷӣ ва кишоварзиро бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Дар ҷарёни мулоқот инчунин дар бораи кушодани Маркази тиҷорати Тоҷикистон дар Ашқобод ва Хонаи тиҷорати Туркманистон дар Душанбе мубодилаи афкор сурат гирифт.

11-30-12-2019-1116.jpg

 

Нигористон

Тақвим