Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 7-уми байналмилалии «China-Eurasia Expo»

24.12.2019 12:35

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи 7-уми байналмилалии «China-Eurasia Expo», ки 20 декабри соли ҷорӣ дар Пекин доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар суханронии худ Сафир ба ташкилкунандагони чорабинӣ барои даъвати ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ин намоишгоҳ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки Намоишгоҳи 7-уми байналмилалии «China-Eurasia Expo» заминаи муносибро барои ба роҳ мондани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ фароҳам меорад. Сафир афзуд, ки баргузории намоишгоҳ барои муаррифии маҳсулоти кишварҳои Аврупо ва Осиё, хусусан воридоти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин мусоидат хоҳад кард.

b369fcc472a95649f226a6d96ced5e3-24-12-2019-1234.jpg

Нигористон

Тақвим