Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Ҷумҳурии Куба

19.12.2019 09:43

18 декабри соли 2019 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Куба (бо қароргоҳ дар Нур-Султон) Эмилио Певида Пупоро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии раванди ҳамкориҳои дуҷониба, рушди робитаҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.

IMG-1090-19-12-2019-0942.jpg

 

Нигористон

Тақвим