16 декабри 2019 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Тошканд ҷиҳати иштирок дар вохӯрии 9-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки бо ташаббуси Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ даъват гардида буд, бо Роҳбари Намояндагии минтақавии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал мулоқот кард.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз раванди мусбати рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNODC изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати тақвияти ҳамкориро дар самти мубориза бо чолишҳои вобаста ба маводди мухаддир таъкид намуданд. Ҷонибҳо инчунин масъалаи расонидани мусоидати фанниро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз ҷониби UNODС ҷиҳати муборизаи босамар бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир мавриди муҳокима қарор доданд.