Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии робитаҳои хориҷиии Иттиҳоди Аврупо

12.12.2019 11:44

11 декабри 2019 дар шаҳри Брюссел вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии робитаҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо  Ҳелга Шмидт баргузор гардид.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, инчунин мавзӯъҳои мухталифи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баланд арзёбӣ намуда, доир ба ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки 10 декабри соли ҷорӣ барпо гардид, мубодилаи афкор намуданд.

Нигористон

Тақвим