10 декабри 2019 дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Хорватия Гордан Грлич Радман барпо гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳким ва густариши муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Хорватия, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо муҳокима шуданд. Вазирон ба зарурати тақвияти робитаҳои сиёсӣ, бунёди заминаи шартномавию ҳуқуқӣ ва афзорҳои муколамавӣ бо мақсади такон бахшидан ба муносибатҳои миёни ду кишвар таъкид карданд. Табодули афкори судманд ҳамчунин дар мавриди ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн сурат гирифт.