Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ ва вохӯрии роҳбарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ дар Пекин

09.12.2019 15:32

3-6 декабри 2019 дар Пекин ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа бо роҳбарии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода иштирок намуд.

Дар рафти ҷаласа як қатор масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкории давлатҳои узв ва фаъолияти Созмони мазкур, лоиҳаи ҳуҷҷатҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, инчунин лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ, ки баргузории онҳо дар соли 2020 дар давлатҳои гуногуни узви СҲШ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, баррасӣ ва муҳокима гардиданд. Мувофиқаҳои бадастомада нисбати мавзӯъҳои баррасишаванда ва иқдомоти минбаъда ҷиҳати татбиқи онҳо дар протокол оид ба натиҷаҳои ҷаласа дарҷ гардидаанд.

Дар ин рӯзҳо ҳамзамон вохӯрии роҳбарони мақомоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ доир гардид ва дар он сардори Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Ғафурзода иштирок намуд.

Дар рафти вохӯрии мазкур ташхиси заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Созмон гузаронида шуда, лоиҳаи ҳуҷҷатҳои дар баррасӣ қарордошта муҳокима гардиданд. Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои ҳамкорӣ дар ин соҳа дар доираи СҲШ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ табодули назар намуданд.

image-06-12-19-16-28-09-12-2019-1531.jpeg

Нигористон

Тақвим