Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо

06.12.2019 14:42

5 декабри 2019 дар Братислава дар ҳошияи иҷлоси 26-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан сурат гирифт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва лоиҳаҳои муштаракро дар сиғаи мазкур мавриди муҳокима қарор доданд.

Meeting-EUSR-P-Burian-06-12-2019-1446.jpg

 

Нигористон

Тақвим