3 декабри 2019 дар Манома Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн Баҳодур Шарифӣ эътимодномаи худро ба Подшоҳи Баҳрайн Ҳамад ибни Исо Оли Халифа супорид.
Бо истифода аз фурсат, Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Баҳрайн дуруду паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Баҳрайн дар ҳамаи соҳаҳо таъкид намуд.