2 декабри 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо Раиси Шӯрои идории ширкати ҳавопаймоии “ал-Ҷазира” Марвон Марзуқ Будӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ миёни “ал-Ҷазира” ва ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки моҳи майи соли 2016 ба имзо расидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.