Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Форуми тамаддунҳои қадим

02.12.2019 17:34

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода дар Форуми сеюми тамаддунҳои қадим, ки 29 ноябри соли 2019 дар шаҳри Пекин баргузор шуд, иштирок намуд.

Форуми номбурда ҳамчун ниҳоди байналмилалӣ бино бар Эъломияи Афина оид ба натиҷаҳои Форуми якуми тамаддунҳои қадим, ки бо ташаббуси муштараки Юнон ва Чин 27 апрели соли 2017 дар шаҳри Афина баргузор шуда буд, таъсис ёфтааст.

 Давлатҳои узви Форуми мазкур Арманистон, Боливия, Чин, Миср, Юнон, Эрон, Ироқ, Италия ва Перу мебошанд. Ҳиндустон ва Мексика дар кори Форум ба сифати кишвари нозир иштирок мекунанд.

Ҳадафи таъсис додани Форуми тамаддунҳои қадим фароҳам овардани майдони муколама ва табодул байни кишварҳои узви Форум, мусоидат ба ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳамулпазирӣ миёни тамаддунҳо, нажодҳо ва мазҳабҳо, таҳияи мавқеи ҳамоҳангшуда оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО мебошад.

1.jpg

 

2.jpg

 

Нигористон

Тақвим