19 ноябри соли 2019 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъйини Шоҳигарии Нидерланд Андре Карстенс (бо қароргоҳаш дар Нур-Султон), Ҷумҳурии Португалия Паулу Жоао Лопеш ду Регу Визеу Пинейру (бо қароргоҳаш дар Москва), Ҷумҳурии Литва Гинтаутас Васиулис (бо қароргоҳаш дар Нур-Султон) ва Ҷумҳурии Кипр Андреас Зиноносро (бо қароргоҳаш дар Москва) қабул кард.
Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои зикрёфта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
М. Ҳусейнзода сафиронро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданашон табрик намуда, ба онҳо дар пешбурди фаъолияти пурмасъулашон барору комёбиҳо таманно кард.