Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии энергетика, энергияи нав ва таҷдидпазири Ҳиндустон

21.11.2019 17:27

20 ноябри 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Султон Раҳимзода бо Вазири давлатии энергетика,  энергияи нав ва таҷдидпазири Ҳиндустон Раҷ  Кумар Сингҳ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаи энергетика, аз ҷумла иштирок дар баҳрабардорӣ аз имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистон ва рушди баъдии соҳаи саноат тавассути лоиҳаҳои сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи нерӯи таҷдидпазир, хусусан нерӯгоҳҳои хуршедӣ, табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон баррасӣ шуданд.

 Ҷонибҳо мавҷуд будани зарфиятҳои бузургро дар самтҳои баррасигардида зикр намуда, алоқамандии худро ба густариши бештари ҳамкориҳо дар ин замина иброз намуданд.

Muloqot-bo-vaziri-energtika-1-21-11-2019-1727.jpg

Нигористон

Тақвим